Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи «Варзиши касбии оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ» дар СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 18 то 19-уми сентябри соли 2025 дар варзишгоҳи машқӣ-таълимии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба «Варзиши касбии-оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ» дар байни ҷузъу томҳои хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду  Хатлон, ВМКБ, минтақаи Рашт, ШАТ шаҳри Турсунзода ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.
Бояд қайд кард, ки чорабинии «Варзиши касбии оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ»-и мазкур давоми ду рӯз гузаронида шуда 7 дастаи варзишгарон аз рӯи намудҳои:
- давидан ба масофаи 100 метр бо монеаҳояш;
- баромадан бо норбони муҳорибавӣ ба ошёнаи 4-уми манораи таълимӣ;
- эстафетаи оташнишонӣ;
-густариши муҳорибавӣ, байни худ сабқат намуданд.  
Ҳамин буд, ки ҷои аввалро варзишгарони Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ишғол намуда, бо кубок, дипломҳо ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. 
Ҷойи дуюмро дар комёбиҳои умумии даставӣ дастаи Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд сазовор гардида ба онҳо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.  
Ҷойи сеюм бошад, насиби дастаи Қисми мустақили 18-уми ҳарбикунонидаи хадамоти давлатии оташнишонии Ширкати Алюминии шаҳри Турсунзода гардид, ки бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

22.09.2025 14:12
22