Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар 

19-уми сентябри соли 2025, тахминан соатҳои 22:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107”, Муродов Довудхуҷа Сайалиевич, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Восеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи асосӣ баромада дар чуқурии тарафи рости роҳ афтидааст, ки дар натиҷа худи ронанда Муродов Д.С. ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расида, мусофиронаш Давлатов Ҳусайн Суҳробович, соли таваллудаш 2003, Муҳаммад Осими Орзу, соли таваллудаш 2005, Назризода Некрузи Раҳматулло, соли таваллудаш 2004,  Мусофирзода Эҳсонҷони Қобилҷон, соли таваллудаш 2005, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
20-уми сентябри соли 2025, тахминан соатҳои 02:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ноболиғ Акобири Намоз, соли таваллудаш 2008, сокини ноҳияи Ёвон, бе ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи А.Ҷомӣ ба самти ноҳияи Ёвон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Сурхи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба санги канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофирони дохили автомашина, ноболиғон Нодиров Муҳаммадёр Раҷабмуродович, соли таваллудаш  2009, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистар гардида ва Имомов Исфандиёр Бахтиёрович, соли таваллудаш 2008, ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
20-уми сентябри соли 2025, тахминан соатҳои 16:00, ронандаи трактори тамғаи “Беларус-820”, Исмоилов Акбар Рустамович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати шаҳраки Ҳаёти-Нави ноҳияи Ёвон хурдсол Тағойқулов Ҳабиб Сафаралиевич, соли таваллудаш 2019, сокини ҳамин ноҳия аз паси ядаки трактори мазкур худашро овезон намуда дар натиҷа ба замин афтида, дасташ дар ядаки трактор дармонда тахминан ба масофаи 10 метр хурдсол Тағойқулов Ҳабибро кашола кардааст, ки дар натиҷа Тағойқулов Ҳ.С. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
20-уми сентябри соли 2025, тахминан соатҳои 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Донфен», Маллаев Саид Маҳмадаминович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак дар назди бозорчаи «Анор» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагарди ноболиғ Одиназода Мустафо Хуршед, соли таваллудаш 2018, сокини шаҳри Норакро зада пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Одиназода М.Х. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз ронандаи электрамобили тамғаи «Хонки», Муродов Амирбек Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар 193 километр аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд ҳаракат карда, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «ДАФ», таҳти идораи Азамов Ҷамолиддин Баҳодурович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Истаравшан, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, сӯхтор ба амал омада ронандаи электрамобил Муродов А. ва мусофирони дохили автомашина Муродова Моҳира Наимовна, соли таваллудаш 1984, Муродова Бибисоро Ҳабибулоевна, соли таваллудаш 2006, ноболиғ Муродова Руқия Амирбековна, соли таваллудаш 2015 ва ноболиғ Муродов Иброҳим Амирбекович, соли таваллудаш 2019, сокинони шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
21-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 05:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Ғаниев Хуршед Пардаалиевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхқалъаи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хова”, таҳти идораи Сайдалиев Имомалӣ Носируллоевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Қубодиён, ки дар канори роҳ меистод, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи таиғаи “Опел-Вектра” Ғаниев Х.П. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, дар шоҳроҳи автомобилгарди “Роғун-Нуробод” дар ҳудуди ноҳияи Нуробод ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Рустамов Зиёратшо Шоҳусейнович, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Лахш, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба девори ҳимоявии канори роҳ бархӯрда, ба ҷуқурии 500 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, Рустамов З.Ш. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ба ин монанд автомашинаи тамғаи «Тайота Ланд Крузер» таҳти идораи ронанда Фатҳуддинов Фарҳод Шарофуддинович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Роғун, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Роғун, дар роҳи мошингарди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди хурдсол Қосимова Фотима Камоловна, соли таваллудаш 2018, сокини ноҳияи Файзободро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
21-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, Насриддинов Матин Сайфуллоевич, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Меҳринисои Сафарбек, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанберо бо оинаи мушоҳидавии нақлиёташ задааст. 
Дар натиҷа, Меҳринисои С. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас карда шуда, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

22.09.2025 8:51
34