Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун аризаи марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 27 ба 28-уми сентябри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хӯроквориаш даромада, аз он ҷо 5 ҳазор сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Текно”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст. 
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Данғара бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 17-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 01:30-дақиқа, дар кӯчаи Панфиловаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо роҳи пинҳонӣ аз корхонаи “ИХФМ №-10 ЖЭУ” 1-адад мототсикли сечархаи электрониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ду ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Исфара аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии марди 65-солаи сокини шаҳри мазкур сечархаи барқиро, ки арзишаш 11 ҳазору 800 сомонӣ мебошад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

22.09.2025 8:50
12