Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди тамаъҷӯ 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршавада аз соли 2022 то инҷониб бо зани 48-солаи сокини ноҳияи мазкур муносибати ошиқона дошта, 19-уми сентябри соли 2025, аз ҷабрдида бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдиди фош сохтани муносибати ошиқонаашон 10 ҳазор сомонӣ талаб намуда, 20-уми сентябри соли 2025, 7 ҳазор сомониро гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

22.09.2025 8:49
25