Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти якҷояи милитсия бо муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳ карданд

Чанде пеш дар доираи чорабиниҳои нақшавии шуъбачаи огоҳонии  пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони (ШОПҲНҶ) ШВКД дар шаҳри Хуҷанд дар алоқамандӣ ба оғози соли хониши 2025-2026 мулоқоти сардори милитсияи маркази маъмурии вилояти Суғд подполковники милитсия Азиззода Авазхон Зайдулло бо роҳбарони муассисаҳои миёнаи умумии таълимӣ баргузор гашт. Чорабинии мазкур дар маҷлисгоҳи шуъбаи ВКД бо иштироки 52 нафар директорони МТМУ, намояндагони мақомотҳои дар тарбияи ноболиғон манфиатдори сохтори шаҳрдорӣ, масъулини ШОПҲНҶ ва дигар бахшу хадамотҳои ШВКД дар шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифта, ҳадаф тақвият додани назорати хонандагон, пурра ба мактаб ва таҳсили ҳатмии асосӣ фаро гирифтани ноболиғон, пешгирӣ аз дарсшиканию оворагардии онҳо, роҳ надодан ба муноқиша дар байни мактаббачаҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таъмини талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”-ро дар бар гирифт. Ба барномаҳои таълимӣ ворид кардани Мавзӯҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои олии кишвар дар раванди тарбия муҳим арзёбӣ карда шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ сардори шуъбаи милитсия подполковники милитсия Авазхон Азиззода ва сардори шуъбачаи огоҳонии  пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони (ШОПҲНҶ) ШВКД дар шаҳри Хуҷанд капитани милитсия Давид Шодмонзода баромад карда, вазъи ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, ба хусус хонандагони мактабро дар давраи 8 моҳи сипаришудаи соли 2025 таҳлилу муҳокима намуданд. Гуфта шуд, ки танҳо дар ҳамкорӣ ва робитаи устувор метавон пеши роҳи бадрафтории наврасонро гирифт. Алоқамандии оила, мактаб ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳалқае мебошанд, ки баҳри камолоти маънавию ахлоқии наврасон ҳамчун насли солиму созанда заминаи воқеъӣ мегузоранд. Маҳз таъсиррасонии ин се шоха имконият медиҳад, ки насли наврас ҳамчун шахси соҳибмаърифат инкишоф ёбад. Баръакс бетарафӣ дар ин самт оқибати номатлуб дошта метавонад. 
Вобаста ба мавзӯъ якчанд мисолҳои воқеъӣ оварда шуд, ки наврасон ба кирдорҳои зидиҳуқуқӣ ҳатто ҷиноятҳои дараҷаи хавфнокиаш вазнин ва махсусан вазнин даст задаанд ва ин мисолҳо воқеъият доштани гуфтаи намояндагони мақомоти корҳои дохилиро тасдиқ мекарданд.
Дар хотима таклифу пешниҳоди маорифчиён шунида шуда нақшаи фаъолияти якҷоя тасдиқ гардид.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

22.09.2025 13:46
74