Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғорат намудани телефони мобилии марди 37-сола

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 5-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 20:50-дақиқа, бо ҳамроҳии ҷавони 25 ва марди 28-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳангоми дар наздикии тарабхонаи “Баҳори Аҷам” қарор доштанашон, бо роҳи ошкоро бе ягон асос марди 37-солаи сокини пойтахтро лату кӯб намуда, аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми”-ро тасарруф намуда, аз  ҷойи ҳодиса ғайб  задаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

20.09.2025 8:15
23