Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст
18-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 21:30-дақиқа, марди 40-солаи сокини шаҳри Бохтар дар хонааш бо марди 51-солаи сокини шаҳри мазкур, ки тули ду моҳи охир зиндагонии якҷоя намуда ва доимо ба нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ машғул буданд, байнашон муноқиша сар мезанад.
Сипас марди 40-сола бо фарошчӯб (швабра) ба сару рӯи марди 51-сола зарба зада, ӯро аз хонааш баровардааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















