Натиҷагирӣ аз фаъолияти нозирони минтақавии милитсия дар Суғд
18-уми сентябри соли 2025 бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти нозирони минтақавии милитсия ва таҳкими фаъолияти мақомот дар самти хизмат дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҷаласаи корӣ доир гашт. Чорабинӣ бо иштироки сардори Раёсат генерал-майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло ва нозирони минтақавии милитсия аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардорони шуъбачаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муовинони сардори шуъбаҳои ВКД оид ба хизмат ва масъулини шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии дасгоҳи Раёсат ҷараён гирифта, паҳлуҳои гуногуни кору хизматрасонии нозирони минтақавии милитсия муҳокима карда шуд.
Ҷаласаи корӣ хислати баҳодиҳӣ – дастурӣ дошта, дар асоси таҳлилҳои ҳисоботӣ дар 8 моҳи сипаришуда сардори Раёсат аз фаъолияти шуъбачаҳо натиҷагирӣ ва баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар баробари мӯҳлат дастурҳои мушахасси методӣ дод.
Таъкид гардид, ки нозирони минтақавии милитсия муаррифгари симои милитсия дар ҷомеа буда, доираи васеъи вазифаҳо ба души онҳо вогузор карда шудааст. Нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, моликият ва ҳаёту саломатии шаҳрвандон, баррасии саривақтии арзу муроҷиати онҳо, ошкору пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят, пешгирӣ аз муноқишаҳои оилавӣ ва пешбурди корҳои фаҳмонидадиҳӣ нақши назаррас доранд. Кормандони ин самти муҳими мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳақиқат танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ ва наздиктарин мададрасони аҳолӣ ҳангоми дучор шудан ба мушкилоти ҳуқуқӣ мебошанд.
Аз фаъолияти нозири минтақавии масъулиятшинос аҳолӣ ба тамоми сохтор баҳо дода муносибати минбаъдааш бо милитсия муайян мешавад.Чунин омил аз корманд фаъолияти бенуқсон ва ташабускорӣ дар ҷодаи хизматро талаб менамояд. Гузашта аз ин, пешрафти кори милитсия аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти нозирони минтақавӣ вобаста аст. Саривақт кушода шудани ҷиноятҳо, боздошти содиркунандагони кирдорҳои зидиҳуқуқӣ, муайян гардидани шахсони қасди ҷиноятӣ дошта маҳз бо мусоидати шахсони бо нозирони минтақавӣ ҳамкорӣ дошта ба даст меояд. Аз ин лиҳоз барқарорсозии робитаи устувор бо аҳолиро сардори Раёсат муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ҷараёни ҷаласаи корӣ масъалаҳое ба мисли вазъи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар минтақаи вобастагардида, қайду ошкорсозии он, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, боздошти ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарор дошта, пешгирии бегонапарастӣ, бақайдгирии шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда ва амалӣ намудани назорати маъмурӣ нисбати онҳо аз тарафи нозирони минтақавии милитсия, муайянсозии машғулшавандагони фолбинӣ, риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим”, ошкорсозии худсарона ишғол намудани қитъаи замин, истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, савдо дар ҷойҳои номуайяншуда ва дигар масъалаҳои афзалиятноки самти хизмат ва уҳдадориҳои нозирони минтақавии милитсия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Инчунин, дар самти таъмини дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД, иҷрои нақшаву супоришҳои кории ба нозирони минтақавӣ вобастагардида ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб масъулин ҳисобот доданд.
Бори дигар нозирони минтақавии милитсияро ба иҷрои сифатноки уҳдадориҳои хизматӣ даъват намуда аз онҳо талаб карда шуд, ки ҳангоми пешбурди хизмат бо шаҳрвандон хушмуомила бошанд ва баҳри баланд бардоштани малакаи касбӣ кӯшиш намоянд. То ин, ки эътимоду боварии шаҳрвандон нисбат ба фаъолияти милитсия аз ин ҳам бештар шавад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.




















