Рух додани ҳодисаи нақлиётӣ бо оқибати нохуш
18-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 17:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Усарқулов Файзиддин Зайниддинович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Конибодом ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди «Конибодом-Патар» аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба сечархаи электронӣ таҳти идораи Қаҳоров Обид Мамадович, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи сечархаи электронӣ Қаҳҳоров О.М. ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони сечархаи мазкур Эргашева Гулмира Эргашевна, соли таваллудаш 1972, Султонова Одина Мамадовна, соли таваллудаш 1967 ва хурдсол Фарухзода Муҳамадали, соли таваллудаш 2024, сокинони шаҳри Конибодом ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

















