Бо роҳи фиреб гирифтани маблағ ва ду адад автомашина
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 33 ва 56-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 17-уми июли соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 360 ҳазору 360 сомонӣ гирифта, бар ивазаш аз бинои навсохтмон ширкати “ҶДММ” «Шелон», хонаи истиқоматӣ дар масоҳати 78 метри мураббаъ ваъда намуда, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 10-уми июни соли 2025, тахминан соати 09:00, бо роҳи фиреб ба боварии зани 60-солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, 2-адад автомашинаи тамғаҳои «Тайота-Кемри-5» ва «БМВ-730»-ро ба маблағи 350 ҳазору 800 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаҳои мазкурро ба дигар шахсон ба фурӯш бароварда, мабалғҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















