Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда бо ҳамроҳии марди 30-солаи сокини пойтахт 23-юми марти соли 2025, тахминан соати 22:20-дақиқа, ҳангоми дар назди терминали худхизматрасонии ҶДММ «Пардохт-ТҶ», воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор доштанашон, купюраҳои пешакӣ тайёркардаашон, ки махсус бо скотч печонидашуда буданд, вориди терминали мазкур намуда, купюраҳо ҳоло пурра вориди терминал нагардида, онҳоро ҳамон лаҳза бозпас кашида гирифтаанд, ки дар 6 марҳила ба маблағи 7 ҳазор сомонии ворид намудаашон ба тавозуни ҳамёни электронии ҶСП «Душанбе сити бонк», ки бо рақамҳои телефони мобилиаш пайваст мебошад, интиқол гардида, ба ҳамёни телефони мобилии онҳо ворид гардида, маблағҳои тасарруф намударо гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 14-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 13:00, дар кӯчаи З.Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд қарор дошта, аз болои мизи нишаст як адад планшети тамғаи «Редми»-ро, ки ба зани 41-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ доштааст, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 400 долллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















