Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 17-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 23:00, дар боғи Fалабаи шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 48-солаи сокини пойтахт муноқиша намуда, бо корд як маротиба ба қисмати чапи гарданаш зарба задааст. 
Дар натиҷа, ҷабрдида зарари вазнин ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

19.09.2025 8:35
18