Ба амал омадани ду ҳодисаи нақлиётии марговар
16-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Холов Фирдавс Файзиддинович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сутуни иҳотавии канори рости роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Азизуллоев Зафар Файзиддинович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Вахш, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
17-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 07:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Бобоев Файзиддин Шералиевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба дарахти канори роҳ бурхӯдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина Шерализода Меҳробиддин Ҷамолиддин, соли таваллудаш 2005, Латифзода Мустафо Ҷамшед, соли таваллудаш 2005, сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида ва худи ронанда Бобоев Ф.Ш. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.















