Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати тамаъҷӯӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Исфара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда моҳи сентябри соли 2025 дар ҳудуди беморхонаи марказии шаҳри Исфара сӯҳбати ҷавондухтари 19-солаи сокини шаҳри мазкурро бо ҷавони 20-солаи сокини ҳамин шаҳр бо телефони мобилиаш ба навор гирифта, баъдан бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, 14-уми сентябри соли 2025, бо роҳи тамаъҷӯӣ яъне бо таҳдиди ифшои маълумотҳои беобрукунанда, аввал худи ҷабрдида ва баъдан модараш зани 55-солаи сокини шаҳри Исфараро таҳдид карда, бо баҳонаи навори дар дасташ доштаро ба шавҳари ҷабрдида нишон надодан 4 ҳазор сомонӣ талаб намуда гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

18.09.2025 8:38
40