ЭЪЛОН
Озмуни "Беҳтарин тарғибгарони маърифати ҳуқуқӣ"
Ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии "Қонун ва ҷомеа" бо мақсади омӯзиш ва ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, такмили донишҳои ҳуқуқии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин дарёфти чеҳраҳои нави ҳуқуқдон ва баланд бардоштани завқи омӯзиши илмҳои ҳуқуқшиносӣ, бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" озмуни "Беҳтарин тарғибгарони маърифати ҳуқуқӣ"-ро доир менамояд. Ба озмун танҳо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он, шунавандагону курсантони муассисаҳои таълимии ВКД ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ мақолаҳои худро пешниҳод карда метавонанд.
Озмун дар як давр тавассути ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии "Қонун ва ҷомеа" гузаронида шуда, қабули маводҳо то 25-уми октябри соли 2024 идома меёбад.
Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба мақолаҳо маҳорати ҳуқуқдонии кормандон (муаллифон), иқтибос аз қонунҳои амалкунандаи самти фаъолият, истифодаи дурусти истилоҳоти ҳуқуқӣ, имлои забони тоҷикӣ, мақолаҳои хуби таҳлилӣ дар самти фаъолият ба назар гирифта мешаванд.
Матлабҳо бо ишораи "Ба озмуни "Беҳтарин тарғибгарони маърифати ҳуқуқӣ"" тариқи суроғаи электронии ҳафтаномаи "Қонун ва ҷомеа" - qonun2020@mail.ru қабул карда мешаванд.
Бо мақсади ташкили самарабахши озмун дар ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии "Қонун ва ҷомеа" ҳайати комиссия аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, Раёсати нозиротӣ-ташкилӣ, Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, омӯзгорони соҳаи ҳуқуқ ва забони Академияи ВКД, инчунин ҳуқуқшиносон созмон дода мешавад.
Намояндагони ситоди корӣ мақолаҳои барои озмун ба нишонии ҳафтанома воридгардидаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҳар як маводро баҳогузорӣ менамоянд.
Маросими ҷамъбасти озмун дар арафаи Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ВКД дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, ғолибони озмун дар рӯзи ҷамъбастӣ бо "Ифтихорномаи фахрии ВКД", "Сипоснома"-и ВКД ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Қадрдонӣ чунин сурат мегирад:
Ҷойи 1-ум "Ифтихорномаи фахрии ВКД" - 3000 сомонӣ;
Ҷойи 2-юм "Ифтихорномаи фахрии ВКД" - 2000 сомонӣ;
Ҷойи 3-юм "Ифтихорномаи фахрии ВКД" - 1000 сомонӣ;
Инчунин, барои 3 ҷойи ифтихорӣ ба ҳар кадоме "Сипоснома"-и ВКД ва 500 сомонӣ мукофотпулӣ муайян гардидааст.