Мулоқоти судманди Вазири корҳои дохилӣ бо Вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин
18-уми сентябри соли 2025 дар ҳошияи Форуми байналмилалӣ оид ба таъмини амнияти фаромиллӣ, ки дар шаҳри Лянюнгани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохун баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти тақвият бахшидани муқовимат ба терроризм, экстремизм, сепаратизм, инчунин гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, силоҳ, пурқувват кардани иқтидори мудофиавии сарҳади Тоҷикистон ва таҳкими заминаи моддӣ-техникии мақомоти корҳои дохилӣ баррасӣ гардиданд.
Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба




















