Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Форуми глобалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти ҷамъиятӣ 

Рӯзҳои 16-19-уми сентябри соли 2025 ҳайати расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои иштирок дар Форуми глобалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти ҷамъиятӣ "Лянюнган - 2025" ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.
Форум оид ба таъмини амнияти фаромиллӣ бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи даҳҳо кишвари ҷаҳон баргузор гардид.
Дар ҷараёни форум ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои трансмиллӣ, савдои одамон, ҳамчунин масъалаҳои дастгир намудани ҷинояткорони дар кофтуковбуда ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гул Маҳбуба

18.09.2025 12:44
107