Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмун барои дарёфти бурсияи таълимии Аморати Муттаҳидаи Араб

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни дарёфти бурсияи таълимӣ дар заминаи таҳсилоти олии касбии бакалавриат аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ дар Академияи полиси шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Арабро эълон менамояд.

Дар сурати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дархостшуда ва савияи донишу маҳорат, инчунин аз лиҳози ҷисмонӣ ҷавобгӯ будани номзадон (аз 17 то 21-сола, вазни мутаносиб бо баландии қади на кам аз 165 см) бо меъёрҳои мушаххаси қабули довталабон, ба онҳо муяссар мегардад, ки ҳангоми таҳсил аз имкониятҳои зерин бархурдор бошанд:
- идрорпулӣ (стипендия)-и моҳона;
- озод гардидан аз пардохти маблағи таҳсил;
- хизматрасониҳои тиббии ройгон (дар клиникаҳои полиси Дубай);
- манзили зист ва будубош (дар шаҳраки донишҷӯёни Академия);
- истифодаи таҷҳизоти низомӣ;
- озод гардидан аз пардохти хароҷоти раводид.
Довталабон бояд донандаи хуби забони англисӣ буда, дар давраи озмунҳо тавонанд озодона бо забони англисӣ ҳарф зананд.
Мӯҳлат то 15-уми сентябри соли 2023.
Барои гирифтани маълумот ва номнавис шудан ба телефони 221-30-38 муроҷиат намоед.

Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

13.09.2023 18:07
15