Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба фолбинҳо бовар набояд кард!

Ваколатдорони оперативии ШВКД дар шаҳри Конибодом дар самти муайян ва ошкор намудани  фолбинӣ ва пешгирӣ аз ҳолатҳои рафтани баъзе аз шаҳрвандони гумроҳу хурофотпараст ба назди чунин афрод корбарӣ намуда, дар ҳафтаи ҷорӣ 3 ҳолати чунин мардумфиребиро ошкор сохтанд.
Ҳуқуқвайронкунандагон сокинони шаҳри Конибодом буда ҳар кадом бо тарзу усули хос бо ваъдаи бахти оилавӣ, табобат аз бемориҳо, кушоиши кор ва муваффақият дар зиндагӣ хизматрасонӣ ва даромади пулӣ ба даст меоварданд. Шаҳрванд Махкамова Анзурат Мамадҷоновна, соли таваллудаш 1961, истиқоматкунандаи шаҳри Конибодом машғул шудан ба фолбиниро мояи рӯзгузаронӣ ҳисобида, ба қайтармагарию кинабарорӣ бо истифода аз устухонпораи сангпушт машғул будааст. 
Ба ҳамин монанд шаҳрванд Дадоҷонов Карим Шарифҷонович, соли таваллудаш 1974 аз соли 2020 то ба инҷониб ба сеҳру ҷодугарӣ машғул шуда, табобат бо роҳи дуохонӣ ва иҷрои ҳаргуна амали ғайрмаъмулӣ бо истифода аз ашёҳои сахту карахтро ба кор бурда ба гумроҳ кардани корафтодагон машғул мешуд. Масалан сӯзонидани латапораҳои ҳарранга ва гирди сари инсон давр занонидани он гӯё метавонистааст инсонро аз дарду ранҷ озод ва ба як шахсӣ муваффақ табдил диҳад. Одати муфтхурӣ заминаи чунин амали ғайриқонуниро гузоштааст на чизи дигар. Зеро  ҳуқуқвайронкунанда Карим Дадоҷонов ба чорасоз буданаш эътиқод надорад.
Ҳамчунин шаҳрванд Зоирова Норӣ Дадоҷоновна, соли таваллудаш 1961, дар хонаи истиқоматиаш мизоҷонро қабул ва гӯё ба ҳоҷатбарорӣ машғул будааст. Услубу шеваи хизматрасонии ӯ низ мардумфиребие беш нест ва танҳо ба даст овардани маблағи пулӣ ӯро ба чунин амал водор кардааст.
Санҷиши милитсия ошкор намуд, ки  машғулшавандагони фолбинӣ дар ҳаёти шахсӣ муаммову печидагиҳои зиёд доранд ва агар онҳо қудрати иваз кардани сарнавишт медоштанд пеш аз ҳама ҳаёти шахсии худро саришта мекарданд.
Нисбати ҳуқуқвайронкунандагон бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуд, ки ҷазо дар намуди ҷаримаро пешбинӣ мекунад.
Чорабиниҳои милитсияи Суғд дар самти пешгирӣ аз ҳолатҳои машғул шудан ба фолбинӣ ва ё истифода аз чунин хизматрасонӣ идома дорад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

16.09.2025 16:27
49