Ҳалокати ронанда дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ
14-уми сентябри 2025, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи трактори тамғаи «JD 954», дорои ядаки (притсеп) дарозиаш 12 метр Мусоев Ҷалолиддин Холназарович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Нури Вахш ба тарафи ҷамоати шаҳраки Хурамдиёри ноҳияи мазкур, дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ҳамин ноҳия се адад автомашинаи дар канори рости роҳ қарор доштаро сабқат намуда, ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Toyota Wish», таҳти идораи Назаров Абдулҳамид Тошпулотович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Дӯстӣ, қарор дошт бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур ва мусофиронаш Круглов Алексей Холиқович, соли таваллудаш 1997, Рахимов Сафармурод Ҷурамуродович, соли таваллудаш 1997 ва Ҳайдаров Аҳлиддин Зиёдалиевич, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Дӯстӣ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, баъдан ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota Wish», Назаров А.Т. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.















