Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздии чорво
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 57-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 6-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 15:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагиаш як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 14 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 19-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Инчунин гумонбаршаванда 19-уми июли соли 2025, тахминан соати 15:00, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии марди 41-солаи сокини шаҳри Ваҳдат як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 13-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи хоҷагии деҳқониаш, як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

















