Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар
13-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи электронии тамғаи «DJNGFEYG AEJLUS L7», Давлатов Фирдавс Исроилович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи автомобилгарди «Душанбе-Кӯлоб» аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Фархор дар ҳудуди ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя накарада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба қисмати пеши автомашинаи тамғаи «ТАЙОТА СВИШ», таҳти идораи ронанда Неъматов Хуршед Неъматуллоевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Фархор бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи «ТАЙОТА СВИШ», Саидова Садаф Иброгимовна, соли таваллудаш 1973 ва хурдсол Темурзода Закияи Меҳроб, соли таваллудаш 2019, сокинони ноҳияи Фархор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд ва Давлатова Саодат Файзовна, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
13-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 21:20-дақиқа, ронандаи дучархаи барқии “Скутер”, ноболиғ Эшпулатов Ҳабибулло Алишерович, соли таваллудаш 2008, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми дар роҳи мошингарди «Душанбе-Ёвон», воқеъ дар ҳудуди деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, аз уҳдаи идораи дучархаи барқӣ набаромада, ба қисми пушти воситаи нақлиёти боркаши тамғаи “ХОВО”, таҳти идораи ронанда Давлатов Ойбек Урозович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ёвон бархӯрдааст, ки дар натиҷа ноболиғ Эшпулатов Ҳ.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
13-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «WEIMAR», Султонов Абдуқодир Аскаралиевич, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди «Панҷакент-Айнӣ» дар ҳудуди деҳаи Суфиёни шаҳри Панҷакент бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, скутеррони ноболиғ Бердиёров Зуҳал Атҳамович, соли таваллудаш 2009, сокини шаҳри Панҷакентро пахш намудааст.
Дар натиҷа, скутеррони ноболиғ Бердиёров З.А. аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
14-уми сентябри соли 2025, тахминан соатҳои 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Приус”, Давлатов Бахтиёр Саидакбарович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара ҳангоми расидан дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лаҳури ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада бо қисмати паҳлуи тарафи рости автомашина ба автомобили тамғаи «Хундай Аванте», ки таҳти идораи ронанда Хушвахтов Ҳоҷишерхон Хушвахтович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Вахш, ки аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар дар роҳи худаш ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи “Тайота Приус”, Идрисов Яҳё Аюбхонович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан дар роҳ ба ҳалокат расида, худи ронандаи автомобили тамғаи “Тайота Приус” Давлатов Б.С. ва мусофирони дигараш Ёрзода Зафар Идибек, соли таваллудаш 1995, Соҳибзода Муҳаммад Маҳмадали, соли таваллудаш 1990, сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















