Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда ва пиёдагард бар асари ҳодисаҳои нақлиётӣ

11-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Шоинов Бобоқул Сафаралиевич, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии тахминан 15-20-метр автомашинаро чаппа намудааст, ки дар натиҷа ронанда Шоинов Б.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. 
12-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Навруз Ашурзода, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи «Душанбе-Ваҳдат», воқеъ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Пуздир Алишер Абдуқодирович, соли таваллудаш 2011, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Пуздир А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

13.09.2025 8:50
40