Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 29-сола барои ба худкушӣ расонидан
8-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 08:00, ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун аз мағозаи хӯрокворӣ, ки дар деҳаашон ҷойгир мебошад, 1-адад маҳлули сиркоро харидорӣ карда, дар наздикии мағозаи мазкур маҳлули сиркоро истеъмол карда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки сабаби даст ба худкушӣ задани марҳум муноқишаи оилавӣ бо шавҳараш мебошад.
Нисбати шавҳари марҳум марди 29-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун бо қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.















