Бо роҳи фиреб гирифтани ду автомашина
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 53-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-GLT-400» ва «Марседес-GLB-250»-ро ба маблағи 868 ҳазор сомонӣ гирифта, забонхат додааст, ки маблағҳои ин автомашинаҳоро дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо воситаҳои нақлиётро фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

















