Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳолатҳои дуздӣ  

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи зани 48-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 10-уми сентябри соли 2025, ҷиянаш ҷавони 26-солаи сокини ҳамон ҷо бо роҳи пинҳонӣ ба ҳуҷраи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевони оҳанин (сейф) 2 ҳазору 450 доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 26-солаи сокини шаҳри Исфара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 2-юми сентябри соли 2025, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар дохили бозори марказии шаҳри Исфара ба мағозаи фурӯши либосҳои занонаи зани 50-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз он ҷо як адад телефони мобилии тамғаи «Хонор 90-лайт», арзишаш 3 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

13.09.2025 8:46
34