Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гумонбарони ҷинояти куштор дар ноҳияи Рӯдакӣ дастгир шуданд

Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба куштори 4 нафар аҳли оилаи шаҳрванд Иброҳимов Ҳалим Раҳимович, соли таваллудаш 1966, сокини ҷамоати деҳоти Зайнабобод, деҳаи Дарёбоди ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст, чунин хабар медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбарони ҷинояти мазкур дастгир гардида, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.
Гумонбарон пешсудшуда С.Н. ва А.С. истиқоматкунандагони ҳамин деҳа бо мақсади дуздиву ғоратгарӣ ба манзили истиқоматии Иброҳимов Ҳ.Р. ворид гашта, ҳангоми огоҳ шудани соҳибхона онҳо ваҳшиёна даст ба куштор задаанд.
Дастгиршудагон дар маҳкамаи нигоҳдории муваққатӣ боздошт шуда, тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти Прокуратура идома дорад.

13.09.2025 11:49
841