Ошкор шудани қаллобии марди 47-сола
Дар натиҷаи гузаронидани гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини ноҳияи Темурмалик бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда ҳангоми дар Федератсияи Россия қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, худро ҳамчун соҳибкори муваффақ муаррифӣ намуда, барои равнақ додани тиҷорати хариду фурӯши қолинҳо аз Ҷумҳурии Туркия аз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ваъда додааст, ки маблағи гирифтаашро дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда маблағи мазкурро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо банди «б» қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















