Марди 27-сола даст ба ғоратгарӣ зад
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноҳияи Данғара бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 7-уми сентбри 2025, тахминан соати 04:40-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор доштанаш маҷбуран пеши роҳи марди 38-солаи сокини пойтахтро гирифта, аз ҷайбаш 430 сомониашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















