Дастгир гардидани марди 34-сола барои куштори падараш
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 10-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 23:20-дақиқа, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматиашон омада, бо ҳамроҳии падараш марди 67-сола ҷангу ҷанҷол намудааст. Падараш якчанд маротиба бо дасту пояш фарзанди ӯро лату кӯб намудааст, баъдан гумонбаршаванда корди хоҷагиро гирифта, бо мақсади куштор ба қафои сари падараш зарба задааст.
Сипас, барои пинҳон намудани ҷинояти содирнамудааш падарашро ба ҳавзи моҳипарварии ҳавлиашон партофта, ба ҳалокат расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















