Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории дарси хизматӣ дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ: дастовардҳои бунёдӣ ва дурнамои рушди кишвар»  

12-уми сентябри соли 2025 дар толори асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи дарсҳои хизматӣ, ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ тасдиқ гардидааст, вохӯрии сиёсатшинос, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо бо ҳайати роҳбарикунанда ва намояндагони дигар ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Мавзуи асосӣ, ки дар вохӯрии мазкур мавриди омӯзиш, таҳлилу баррасӣ  қарор дода шуд,  «Истиқлолияти давлатӣ: дастовардҳои бунёдӣ ва дурнамои рушди кишвар»  мебошад.
Албатта, дар вохӯрии мазкур аз ҷониби сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо паҳлӯҳои муҳимтарини раванди давлатдории миллӣ, арзиш ва аҳаммияти истиқлолият барои миллат, роҳи истиқлолхоҳии миллати тоҷик дар масири таърих, талошҳои абармардони миллат барои расидан ба истиқлолу озодӣ, ҳифзи ин арзиши муқаддас аз таҳдиду хатарҳои муосир, бахусус нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.
Баргузории дарсҳои хизматӣ ва суҳбату вохуриҳо бо олимону муҳаққиқон, шоирону нависандагон ва умуман мутахассисони соҳа барои ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба касбу Савганд дар миёни ҳайати шахсии макомот ва умуман ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

12.09.2025 10:26
108