Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо гардидани ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 9-уми сентябри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо 25 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 25-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

11.09.2025 8:42
24