Даст ба авбошӣ задани ноболиғи 17-сола
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки 10-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 13:08-дақиқа, ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми дар назди бинои “М-Кафе”, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи мазкур қарор доштанаш бо ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, охиринро бо корд як маротиба ба дасти чапаш зарба задааст, ки дар натиҷа ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

















