Ҳалокати пиёдагарди ноболиғ бар асари ҳодисаи нақлиётӣ
9-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 12:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Камоли Гулзода, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди ноболиғ Шокирова Зайнаб Садриддиновна, соли таваллудаш 2014, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Шокирова З.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

















