Қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ, ки боиси марг гардидааст
9-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 09:30-дақиқа, ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Ваҳдат дар истгоҳи деҳаи Фиришти шаҳри мазкур бо марди 66-солаи сокини ҳамин шаҳр муноқиша намуда, ба дасташ як маротиба ба сари рӯйи ҷабрдида зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.















