Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати дуздӣ аз ҳамёни электронии телефони мобилӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 57-солаи сокини ноҳияи Данғара ворид гардидааст, ки 5-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 22:00, шахси номаълум ҳангоми дар беморхонаи “Истиқлол” қарор доштанаш аз ӯ бо баҳонаи муошират кардан телефони мобилиашро гирифта, аз ҳамёни электронии «Душанбе-Ситӣ», 15 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе содир намудааст. 
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

10.09.2025 8:49
28