Боздошти марди 27-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 5-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 05:00, дар кӯчаи Мушфиқӣ шахси номаълум ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилиаш тамғаи “ПОКО 6-Х 5-ДЖ”-ро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 27-сола содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
















