Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати тамаъҷӯӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён бо ариза марди 57-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки зани 30-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 125 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҳамроҳии шарикаш марди 57-солаи сокини ноҳияи Қубодиён охирҳои моҳи августи соли 2025, бо маслиҳати пешакӣ ба мағозаи ҷабрдида рафта бо ишва ва суханҳои шаҳвонӣ ҷабрдидаро моили худ намуда, ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонидоштаро, ки нисбаташ анҷом дода буд, бо роҳи пинҳонӣ ба навор гирифтааст. 
Сипас ба назди шарикаш марди 57-сола рафта навори мазкурро ба вай нишон дода, бо маслиҳати пешакӣ аз ҷабрдида 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, 5-уми сентябри соли 2025, ба мағозаи ҷабрдида барои гирифтани маблағи мазкур меоянд ва ҷабрдида ба гумонбаршаванда 6 ҳазор сомонӣ дода ваъда медиҳад, ки 4 ҳазор сомониашро баъд аз чоррӯз ҷамъоварӣ намуда ба онҳо медиҳад ва онҳо навори мазкурро нест мекунанд. 
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

10.09.2025 8:37
19