Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тантанаҳои идона дар қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ

9-уми сентябри соли 2025 бахшида ба ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарияти дастгоҳи марказӣ, сардорону афсарон, сарбозону собиқадорони қисмҳои низомии раёсати мазкур, инчунин меҳмонон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Пас аз хондани Суруди миллӣ, ҷамъомади тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, ҳозиринро бо ин санаи муқаддас, ки барои ҳар як фарди миллати тоҷик неъмати бебаҳост, табрику муборакбод намуд.
Роҳбари аввали мақомоти корҳои дохилӣ зимни баромади худ қайд кард, ки Қӯшунҳои дохилӣ такягоҳ, муҳофиз ва ҳамқадами Истиқлоли давлатӣ буда, дар тули фаъолияти худ ҳайати шахсии он аз мактаби шуҷоату мардонагӣ, ҳаёт ва обутоби зиндагӣ сарбаландона гузаштаанд.
Гарчанде фаъолияти қӯшунҳои дохилӣ дар назди таърих он қадар тулонӣ набошад ҳам, вале барои ин ниҳоди пурқудрат як марҳилаи душвор ва муҳим дар роҳи суботи кишвар буд.
Вазири корҳои дохилӣ аз дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сухан ронда, қайд кард, ки бо дастгирии Сарвари давлат шароити хизмативу иҷтимоӣ ва маишии кормандону хизматчиёни қисмҳои низомӣ, бахусус қӯшунҳои дохилии ВКД боз ҳам хубтару беҳтар шуда, ба талаботи замон ҷавобгў гардидаанд.
Инчунин аз шароитҳои муҳайёгардида, иншоотҳои бунёдшуда, аз қабили шуъбаи тиббӣ, толори варзишӣ, бахшҳои касбомӯзӣ, китобхонаҳои таъсисёфта, ки бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти муосири корбарӣ таъмин гардидаанд, ибрози андеша намуда баён намуд, ки шароити фароҳамгардида дар баланд бардоштани малакаи касбӣ, омодабошии ҷангӣ ва тарбияи ватандӯстӣ, забономўзии хизматчиёни ҳарбӣ нақши муассир мегузорад.
Мо ҳамеша аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорем, ки барои фаъолияти пурсамари мақомоти корҳои дохилӣ дар таҳкими суботу оромӣ, ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Ҳамасола бо дастгириву ғамхориҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти ВКД дар арафаи ҳамагуна иду ҷашнвораҳо ва маъракаҳо кормандони Раёсати қӯшунҳои дохилӣ барои хизматҳои софдилона, зоҳир намудани малакаи баланди касбӣ ва садоқат ба давлату миллат бо ордену медалҳо ва мукофоту туҳфаҳо мунтазам қадршиносӣ карда мешаванд.
Бахусус бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Сарфармодеҳи Олии Қвваҳои мусаллаҳ, теъдоди ҳайати шахсии қӯшунҳои дохилӣ бомаротиб зиёд карда шуда, дар сохтори он се қисми ҳарбии нав таъсис дода шуд ва тамоми қисмҳои ҳарбии он такмил ёфта, биноҳо бо пуррагӣ таъмири замонавӣ карда шудаанд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо афсарону сарбозони қӯшунҳои дохилӣ пайваста аз корнамоиву ҷоннисориҳои кормандони ин ниҳод ёдовар мегарданд.
Аз ҷумла дар маросими ифтитоҳи қисми ҳарбии 3502 чунин изҳор намуданд: «Мехоҳам махсус хотирнишон созам, ки маҳз дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва шиддат гирифтани ҷанги таҳмилии шахрвандӣ қӯшунҳои дохилӣ, бахусус афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 3502, 5453 қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро карда, дар бисёр амалиётҳои махсус оид ба безараргардонии гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалҳои террористӣ ва ошубҳои зидди конститутсионӣ ҳамеша пешсафи набардҳо буданд».
Ин баҳои баланди Сарвари давлат, аз сарбози қаторӣ то афсари олирутбаро водор менамояд, ки бо ҳисси баланди ватандорӣ, садоқат ба давлату миллат ва эътимод ба фардои дурахшон масъулияти ба зима доштаашонро бо сарбаландӣ иҷро намоянд.
Дар интиҳои суханронии худ Вазири корҳои дохилӣ бори дигар ҳозиринро бо ҷашни бузурги миллӣ, Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барояшон тансиҳативу хотирҷамъӣ, хонаи обод ва хушии рўзгорро таманно намуд.  
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ бо Фармоиши Вазири корҳои дохилӣ як қатор афсарону сарбозон, ки дар пешбурди фаъолияти хизматии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд ва содиқонаву софдилона хизмати Ватан - Модарро баҷо оварда истодаанд, инчунин дар мусобиқаҳои вазишӣ аз намуди футболи хурд, волейбол, гузашти монеаҳо ва бандкашӣ, ки ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ шуда буд ва ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, бо медалҳои «Барои хизмати шоён» дараҷаи 2-3, нишони сарисинагии «Барои хизматҳои аъло дар ВКД», Ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд.
Дар қисмати хотимавии ин чорабинии тантанавӣ барои афсарону сарбозон консерти идона бо иштироки сарояндагони шинохтаи кишвар доир гардид, ки ба ин ҷашнвора ҳусни дигаре зам намуд.

09.09.2025 17:24
244