Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар 

7-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 19:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “BYD DOLPHIN”, Наҷмиддинов Ҷамолиддин Ривоҷович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Ҳосилоти ноҳияи Фирдавсӣ ва расидан дар рӯ ба рӯи хонаи истиқоматии №234, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагади хурдсол Ҳомидова Асмоҳа Ҳабибуллоевна, соли таваллудаш 2022, сокини пойтахтро, ки роҳи мошингарди кӯчаи мазкурро убур менамуд, бо қисми пеши автомобилаш пахш кардааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Ҳомидова А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас гардида, худи ҳамон рӯз аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст.
7-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 17:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Шевролет Оптра”, Ҷуманазаров Абубакр Муҳаммадалиевич, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба самти муқобили роҳ баромада ба мототсикли тамғаи “GSX” таҳти идораи Сафаров Баҳром Маҳмадолимович, соли таваллудаш 2003,  сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи мототсикл ва мусофираш, ноболиғ Сафарова Меҳрубону Маҳмадолимовна, соли таваллудаш 2014, сокини ноҳияи Хуросон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
Ноболиғ Сафарова М.М. баъди чанд соат дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
8-уми сентябри соли 2025, тахминан соатҳои 07:00, дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд» дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ронандаи автомашинаи тамғаи “МЕРСЕДЕС БЕНС-316”, таҳти идораи ронанда Ҳасанов Файзиддин Тоҷиддинович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти тарарафи рости роҳ баромада, ба дохили дарё чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Ҳасанов Ф.Т. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
8-уми сентябри соли 2025, тахминан соатҳои 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, Болтаев Муҳиддин Тоҳирҷонович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази шаҳри Турсунзода ба самти деҳаи И.Бозорови ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода дар ҳудуди роҳи мошингарди деҳаи И.Бозоров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сечархаи барқии тамғаи “Азия”, таҳти идораи ронанда Абдураҳимов Туйчибой Ҳакимович, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи сечархаи барқии тамғаи “Азия” Абдураҳимов Т.Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

09.09.2025 8:22
36