Ошкор шудани ҳолати азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Балҷувон бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда дар асоси фармоиши директори муассисаи давлатии Интернати вилоятии назди мактабии ноҳияи Балҷувон дар вазифаи сармуҳосиби муассисаи мазкур кор ва фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш аз моҳи декабри соли 2024 то моҳи июли соли 2025 якҷоя бо дигар шахсони масъули ин муассиса бо истифода аз ваколатҳои хизматиашон 55 ҳазору 360 сомонӣ маблағҳои буҷетии барои хариди хӯрока ва дигар маводҳои барои муассиса пешбинишударо азонихуд карда, маблағи азонихудкардаро ба манфиати шахсияш истифода бурдааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















