Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар РВКД ВМКБ

Бахшида ба таҷлили арзанда аз 34- юмин солгарди ҷашни нодиру сарнавиштсоз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоят иштирок намуданд.
Дар оғози сухан Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ, генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил бо ифтихори баланди миллӣ кормандони мақомоти корҳои дохилиро аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба гиромидошти санаи муҳими сиёсӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, дар иҷрои вазифаҳои пуршарафу масъулиятнок ба ҳар яки онҳо комёбиҳои беназирро таманно намуд.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ Рустам Шафизода дар мавзуъи «Истиқлолият мояи ифтихори миллат», баромад намуда, Истиқлолиятро барои халқи тоҷик беҳтарин ва доротарин арзиш унвон кард.
Таъкид гардид, ки ин ҳадяи гаронарзишро бояд посу гиромӣ дошт, зеро дар масири таърих баъди якҳазор соли таназзул давлати куҳанбунёди тоҷик аз нав эҳё гардид ва имрӯз зиёда аз 200 давлати ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳофар мешиносанду эҳтирофаш мекунанд.
Қайд гардид, ки имрӯз аксари давлатҳои ҷаҳон сулҳу амнияти Тоҷикистонро намунаи ибрат медонанд. Аз ин рӯ ҳар як сокини кишвар бояд ин неъмати бузурги миллиро хифз намуда, онро маҳфуз нигоҳ дорад.
Гуфта шуд, ки ҳар як шахси бедордил бояд дарк намояд, ки истиқлоли кишвар ва дастовардҳои 34 соли соҳибистиқлолии мамлакат ва пойдории сулҳу суббот маҳз аз талошҳои бемислу монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва аз баракати Истиқлолияти давлатӣ дар даврони соҳибистиклолии кишвар тамоми шароит ва дастовардҳои навин барои хизмату фаъолият муҳайё гардиданд, ки ин аз ғамхориҳои роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳодат медиҳад.
Таъкид гардид, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар, саҳми кормандони мақомоти милитсия дар пойдор ва мустаҳкам намудани сулҳу суббот ва ҳифзи рукну арзишҳои Истиқлолият беназир буда, бо ҳидоятҳои роҳбари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд пойдории Истиқлолиятро таъмин намоянд.
Гарчанде , ки дар он рӯзҳои сахту сангин кормандони ин мақомот аз зану фарзанд ҷудо гардида, ҷони хешро аз даст дода бошанд ҳам, аммо баҳри амният ва суботи ҷомеа бар зидди бадхоҳону душманони миллат муборизаи беамон мебурданд.
Зикр гардид, ки қабул гардидани 5 пешниҳоди роҳбари ташаббускори миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ худ шаҳодати соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.
Сардори Раёсат Рустам Шафизода дар идомаи суханронӣ оиди шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳим ибрози андеша намуда, он нуқтаро таъкид намуд, ки талошҳо ва ғамхориҳои роҳбари мамлакатро бояд ҳар як ҳомии ватан ва афсарони мақомот қадр намоянд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризму экстримизм ва таъмини волоияти қонуну пойдории сулҳу субботи ҳамешагии кишвари азизамон аз худ саҳми арзанда гузоранд.
Ичунин дар чорабинии мазкур устоди Донишгоҳи давлати шаҳри Хоруғ ба номи М.Назаршоев, Баромад намуда қайд доштанд, ки вазъияти пуртазоди ҷаҳон имрузҳо моро водор месозад, ки дар пойдору ҳифз намудани сулҳу суботи кишвар ва пойдории истиқлолияти мамлакат саҳмгузор бошем.
Дар интиҳои суханронӣ бо таманиётҳои нек ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилиро бори дигар ба муносибати ин рӯзи фархунда табрику шодбош намуда, хушбахтии ҷовидона ва иттиҳоду сарҷамиро таманно намуд.
Дар фарҷоми чорабинии танатанавӣ аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ, барои зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ саривақт иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ва ба муносибати 34-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якқатор кормандони мақомоти милитсияи Бадахшон бо нишони сарисинагӣ, аълочии милитсия, медалҳои ҷашнӣ барои далерӣ, садоқат, барои хизмати шоён, рутбаҳои навбатӣ, рутбаҳои навбатии ҳайати калони роҳбарикунанда ва сипосномаҳо, раҳматномаву ифтихорномаҳои фахрӣ дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.

09.09.2025 13:15
114