Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт
Бахшида ба таҷлили арзанда аз 34-умин солгарди ҷашни нодиру сарнавиштсоз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият устоди донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт иштирок намуданд.
Дар оғози сухан Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, генерал-майори милитсия Фатозода Абдусатор Абдуқаҳор бо ифтихори баланди миллӣ кормандони мақомоти корҳои дохилиро аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба гиромидошти санаи муҳими сиёсӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, дар иҷрои вазифаҳои пуршарафу масъулиятнок ба ҳар яки онҳо комёбиҳои беназирро таманно намуд.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, генерал-майори милитсия Фатозода Абдусатор Абдуқаҳор дар мавзуъи «Истиқлолият мояи ифтихори миллат», баромад намуда, Истиқлолиятро барои халқи тоҷик беҳтарин ва доротарин арзиш унвон кард.
Таъкид гардид, ки ин ҳадяи гаронарзишро бояд посу гиромӣ дошт, зеро дар масири таърих баъди якҳазор соли таназзул давлати куҳанбунёди тоҷик аз нав эҳё гардид ва имрӯз зиёда аз 200 давлати ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳофар мешиносанду эҳтирофаш мекунанд.
Қайд гардид, ки имрӯз аксари давлатҳои ҷаҳон сулҳу амнияти Тоҷикистонро намунаи ибрат медонанд. Аз ин рӯ ҳар як сокини кишвар бояд ин неъмати бузурги миллиро хифз намуда, онро маҳфуз нигоҳ дорад.
Гуфта шуд, ки ҳар як шахси бедордил бояд дарк намояд, ки истиқлоли кишвар ва дастовардҳои 34 соли соҳибистиқлолии мамлакат ва пойдории сулҳу суббот маҳз аз талошҳои бемислу монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва аз баракати Истиқлолияти давлатӣ дар даврони соҳибистиклолии кишвар тамоми шароит ва дастовардҳои навин барои хизмату фаъолият муҳайё гардиданд, ки ин аз ғамхориҳои роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳодат медиҳад.
Таъкид гардид, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар, саҳми кормандони мақомоти милитсия дар пойдор ва мустаҳкам намудани сулҳу суббот ва ҳифзи рукну арзишҳои Истиқлолият беназир буда, бо ҳидоятҳои роҳбари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд пойдории Истиқлолиятро таъмин намоянд.
Гарчанде , ки дар он рӯзҳои сахту сангин кормандони ин мақомот аз зану фарзанд ҷудо гардида, ҷони хешро аз даст дода бошанд ҳам, аммо баҳри амният ва суботи ҷомеа бар зидди бадхоҳону душманони миллат муборизаи беамон мебурданд.
Зикр гардид, ки қабул гардидани 5 пешниҳоди роҳбари ташаббускори миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ худ шаҳодати соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.
Ичунин дар чорабинии мазкур Ректори донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дотсент Раҷабзода Маҳмадёр Носир, баромад намуда, оид ба даст овардани даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханрони намуда, қайд карданд, ки вазъияти имрӯзаи ҷаҳон моро водор месозад, ки дар пойдору ҳифз намудани сулҳу суботи кишвар ва пойдории истиқлолияти мамлакат саҳмгузор бошем.
Дар интиҳои суханронӣ бо таманиётҳои нек аз толор дигар устодону собиқадорони соҳаи маориф корманди мақомоти корҳои дохилиро бори дигар ба муносибати ин рӯзи фархунда табрику шодбош намуда, хушбахтии ҷовидона ва иттиҳоду сарҷамиро таманно намуданд.
Дар фарҷоми чорабинии танатанавӣ аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, барои зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ саривақт иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ва ба муносибати 34-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якқатор кормандони мақомоти милитсия дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо нишони сарисинагӣ, аълочии милитсия, медалҳои ҷашнӣ барои далерӣ, садоқат, барои хизмати шоён, рутбаҳои навбатӣ, рутбаҳои навбатии ҳайати калони роҳбарикунанда ва сипосномаҳо, раҳматномаву ифтихорномаҳои фахрӣ дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида шуда, ба шаҳрвандоне, ки барои ҳамкори бо милитсия саҳми худро гузоштаанд аз номи сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо сипоснома ва раҳматномаҳо қадрдони карда шуданд.
























