Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳои идона дар қисми ҳарбии 3502

Бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3502 Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ чорабиниҳои идона ва варзишӣ баргузор гардид. 
Дар чорабинӣ сарбозони қисмҳои ҳарбии раёсати қушунҳои дохилӣ, афсарон ва роҳбарияти қисмҳои низомӣ иштирок намуданд. Фармондеҳи қӯшунҳои дохилӣ генерал-майор Рауфзода Суҳроб Орзу ҳайати сарбозон ва афсаронро ба муносибати ҷашни Истиқлол табрик намуда изҳор дошт, ки озодиву истиқлол беҳтарин неъматест, ки аз саодату хушбатии ҳар кишвари соҳибистиқлол дарак медиҳад. Хушбахтона мардуми шарафманду соҳибфарҳанги Тоҷикистон низ имсол дар арафаи 34-умин солгарди соҳибистиқлолии худ қарор дошта, Истиқлоли давлатиро бо беҳтарин дастовардҳо таҷлил намуда истодаанд.
Зимни суханронӣ зикр гардид, ки дар низоми давлатдорӣ Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рӯйдоди таърихиву сарнавиштсоз будан, аз он ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ ва ифтихори шаҳрвандон бояд бошад, ки ба ҳар як сокини мамлакат озодӣ ва ҳаёти осоиштаро таъмин намуда омили асосии бедории миллат, пешрафту тараққии мамлакат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ҷаҳон аст. Аз шарофати Истиқлоли давлатӣ ҷаҳониён Тоҷикистонро шинохтанд ва давлати мо ба дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ноил гашта дар ҷаҳон ҳамчун мамлакати рӯ ба тараққӣ муаррифӣ гардид. Дар қисмҳои низомии қӯшунҳои дохилӣ низ бо шарофати истиқлол шароити хуби хизматбарӣ барои сарбоззон муҳаё карда шудааст. 
Паради ҳарбӣ, ки бо иштироки сарбозон бо ҳисси баланди ватандӯстона гузашт, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам кард.
Дар идома ба муносибати ин санаи таърихӣ байни сарбозон ва афсарони қисмҳои ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ мусобиқаҳои варзишӣ дар намудҳои волейбол, футбол, баскетбол, бандкашӣ ва гуштин баргузор гардид. Сарбозон фаъолона дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда, байни худ рақобат намуданд. Инчунин байни фарзандони афсарони қӯшунҳои дихилӣ низ мусобиқаи варзишӣ дар намуди гуштин доир карда шуд. 
Илова бар ин аз ҷониби сарбозон ва афсарон машқҳои тактикӣ ҷиҳати безараргардонии гуруҳҳои ҷиноятӣ баргузор карда шуда, сарбозон бо маҳорати баланд дар ин машқҳо ширкат варзиданд.
Чунин чорабиниҳои варзишӣ ва идона дар қисмҳои низомии қӯшунҳои дохилии ВКД ба муносибати ҷашни Истиқлол идома дорад.

08.09.2025 15:57
216