Расонидани зарари ҷисмонӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини ноҳияи Деваштич 5-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 20:00, дар ошхонаи «Усмонҷон», воқеъ дар маҳаллаи 28-уми шаҳри Хуҷанд бо пешхизмати ошхонаи мазкур ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Ашт баҳсу муноқиша ва ҷанҷол намуда, бо дасташ ба ҷоғи ҷабрдида зарба задааст, ки ба замин афтида сараш осеб дида, дар натиҷа ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона дар шуъбаи эҳё бистарӣ гаштааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















