Дастгир гардидани ду ҷавон бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ноҳияи Н.Хисрав муроҷиат намудааст, ки 4-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷавонони 18 ва 19-солаи сокинони пойтахт маҷбуран пеши роҳашро гирифта, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, аз ҷайбаш як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-15», як адад корти «Душанбе Сити» ва як адад шиносномаи миллӣ ва 60-сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

















