Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳкушои бахту армон аст Истиқлол

6-уми сентябр ба муносибати ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори  Воҳиди махсуси ВКД  чорабини идона баргузор гардид. Дар он сардори Воҳиди махсус  генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод,  собиқ сардори Воҳиди махсус, генерал-майори мустаъфӣ Ҳабибулло Маҷидов, адибони маъруф; Муҳаммад Ғоиб, Нозирҷон Ёдгорӣ, Садриддин Ҳасанзод, Раиси шурои куҳансолони Ваҳдати миллӣ  ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов,  собиқадорон ва ҳайати шахсии ин ниҳод ширкат карданд.
Нахуст чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ генерал-майори милитсия Рустам Мирзомуродзода оғоз бахшида иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “ Истиқлол дар назди миллати тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад”.
Номбурда дар идомаи суханрониаш зикр кард, ки бояд ҳамагон ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷоннисориҳои ӯ баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон бирасем.
Дар фароварди суханрониаш таъкид  дошт,  ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷумла ҳайати шахсии Воҳиди махсуси ВКД, роҳбарияти Олии кишвар ва ВКД-ро бовар мекунонем, ки ба Савганди худ содиқ монда, ба Ватан ва марзу буми он ва Пешвои миллат хизмат хоҳанд кард.
Ҳамчунин дар идомаи ин чорабинӣ шоир, узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Муҳаммад Ғоиб дар бораи Истиқлолият ва пояҳои давлатдории миллати тоҷик ибрози андеша намуда, қайд кард, ки мардуми шарафманди кишварамон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории Истиқлолияти комили кишвар ва  шукуфоии Ватани азизамон саҳми бориз доранд.
Инчунин Нозирҷон Ёдгорӣ , Ғайбулло Афзалов ва Ҳабибулло Маҷидов  ва собиқадори Воҳиди махсус, подполковники мустаъфӣ Одиназода Шерафган вобаста нақш ва мақоми истиқлолият, дастовардҳои миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу соҳибихтиёр ва ягона аз ҷониби ҷаҳониён суханронӣ намуданд.
Дар рафти чорабинии баргузоргардида қайд карда шуд, ки баъди бадаст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо ислоҳоти куллии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба амал оварда шуд.
Ҳамзамон кормандони ҷавони Воҳиди Махсус бо қироати шеърҳои ватандӯстона ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд.
Дар қисмати хотимавии чорабинии мазкур ба як қатор кормандони ин ниҳод барои содиқонаву софдилона хизмат намудан, расидан ба натиҷаҳои назарраси хизматӣ, инчунин 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби роҳбарияти ВКД ва Воҳиди махсус рутбаҳои навбатӣ, медалҳои ҷашнӣ, ҳамчунин ба собиқадорони ин ниҳод Сипоснома, Ифтихорнома ва раҳматнома тақдим карда шуд.

06.09.2025 20:40
81