Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани зани 39-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 65-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки тахминан моҳи августи соли 2025 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо як чанд адад ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 39-солаи сокини  шаҳри Душанбе муддати 1-сол будааст, ки дар манзили истиқомати ҷабрдида ба ҳайси фарош кору фаъолият мекард бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

06.09.2025 8:15
45