Даст ба авбошӣ задани ноболиғи 17-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 31-уми августи соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 шаҳри Хуҷанд қарор дошта, аз ҳиссиёти авбошӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ҷавони 19-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол намудаанд.
Сипас шахси ба тафтишот номаълум ба ҷанҷоли онҳо ҳамро шуда ба руйи гумонбаршаванда бо мушт як маротиба зарба зада ба замин меафтад, ки дар навбати худ гумонбаршаванда аз ҷой хеста аз дасти шахси ба тафтишот номаълум, ки бо корд мусаллаҳ мебошад, кордро гирифта, муқобилият нишон дода бо истфиода корд як зарба ба қисмати поёни қафаси синаи ҷабрдида ҷавони 19-сола зарба зада ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















