Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии идона бахшида ба ҷашни Истиқлол дар СХДО ВКД

Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД санаи 06 сентябри соли 2025 ба муносибати ҷашни 34 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарияти Сарраёсат, ҳайати кормандони Дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳо, инчунин собиқадорони соҳа чорабинии тантанавии идона доир гардид. 
Ҷамъомадро сардори СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати дохилӣ Рустам  Мирзозода ифтитоҳ намуд.
Сардори сарраёсат зимни баромади худ иштирокчиёни чорабинӣ ва тамоми кормандони соҳаро ба муносибати Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният намуда, аз давраҳои ба дастовардани ин ганҷи бебаҳо-яъне Истиқлолияти давлатӣ ёдоварӣ намуд. Мавсуф  аз ҷумла иброз дошт.
Инчунин сардори Сарраёсат таъкид намуд, ки маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ба як ниҳоди боэътимод, кафили амнияти дохилии кишвар, ҳимоятгарӣ моликияти давлативу хусусӣ аз сӯхтор ва фаъолтарин сохтори қудратии давлат мубадал гардид.
Ҳамчунин сардори шуъбаи собиқадорон Зоиров Бобо Бахшиевич кормандони ин ниҳодро бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ аз самими қалб табрику танҳият намуд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз ҷавшани халқ, пуштибони давлату миллат аз ҳар гуна хатарҳо, таъмингари адолату баробарӣ ва волоияти қонун мебошанд. Боиси тазаккур аст, ки аз ҳама муҳим барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ин боварии давлату миллат аст.   Аз ин лиҳоз, корманди мақомоти корҳои дохилӣ будан пеш аз ҳама аз нангу ор, ватандӯстию садоқати фарзандони далери миллат гувоҳӣ медиҳад. 
Имрӯз бо ифтихор ва боварии комил метавон гуфт, ки ин сарзамини аҷдодӣ ва макони тантанаи сулҳу ваҳдат-Тоҷикистони азиз орому осоишта аст.  
Дар идомаи чорабинӣ ба кормандони фаъоле, ки дар фаъолитяти хизматии хеш ба комёбиҳо ноил гардиданд бо Фармону фармоишҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ оиди ҳавасмандгардонӣ ба онҳо медалҳои сарисинагӣ, рутбаҳои махсуси роҳбарикунанда, Раҳматнома ва Ифтихорномаю Сипоснома сарфароз гардонида шуданд. 

06.09.2025 14:00
42